Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Лимит" дар тобистон? Шикоятҳо аз бебарқӣ дар сартосари кишвар


Як ҳафтаи ахир даҳҳо тан ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки ҳамарӯза аз 2 то 6-7 соат барқи онҳоро хомуш мекунанд. Шикоятҳо то кунун аз Панҷакент, Ваҳдат, Шаҳритус, Фархор ва ҳатто шаҳри Душанбе расидаанд.

Сокинони ин манотиқ шикоят доранд, ки мисли фасли зимистон барқ дар манзилҳояшон барои чанд соат қатъ мешавад. Ин сокинон мегӯянд, дар зимистон мақомот шарҳ медоданд, ки далели хомӯш кардани барқ камобӣ аст, аммо дар тобистони серобӣ, сабаб чӣ бошад, намедонанд.

Нигора Исмоилова, бошандаи яе аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе рузи 26-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, масалан, дируз ду соат барқ надоштанд. "Дар вотсап гуруҳ дорем, раиси бино навишт, ки Идораи барқи шаҳр занг занед, сабабшро пурсед. Барои чӣ хомуш карданд, маълум нест",-мегӯяд Нигора.

Эмомалӣ Саидов, сокини маҳаллаи Чортути Душанбе низ мегуяд, ки тақрибан ҳар рӯз барои чанд соат бебарқ мемонанд.

"Як хел рузҳо аз соати 9-10 хомуш мекунанд то соатҳои 4. Дар гармӣ бебарқ мушкил аст. Хурокро дар газ мепазем, вале барқ, ки нест, кондитсионеру шамолдиҳакро кор фармуда наметавонем, мешинем дар гармӣ",- нигаронӣ мекунад ин сокини Душанбе.

"Лимит" дар тобистон?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Бошандагони маҳаллаи Чортут ва чанде аз маҳаллаҳо атрофи он мегуянд, дар як ҳафтаи ахир мавридҳои қатъи барқ зиёд шудааст. Фурушандаи яке аз мағозаҳои маҳаллаи Чортут гуфт, ки бебарқӣ ба онҳо зарар меорад, зеро агар барқ беш аз 3-4 соат қатъ шавад, ҳамаруза баъзе аз маҳсулоти гуштӣ ва ширии онҳо вайрон мешаванд.

Дар Шабакаҳои тақсимоти барқ барои чанд соат дар минтақаҳо хомуш кардани барқро тасдиқ карданд ва сабабашро ҳам шарҳ доданд. Бахтиёр Раҳматзода, муовини раиси ширкати Шабакаҳои тақсимоти барқ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар Суғд мушкиле вуҷуд надорад.

"Дар зеристгоҳи Суғд-500 сарборӣ (перегруз) аст. Ин зеристгоҳи Шабакаҳои интиқол аст, аз мо нест. Шабакаҳои интиқол аз мо мехоҳад, ки маҳдудият ҷорӣ кунем, зеро ҳаво гарм аст. Дар тарафи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз ҳисоби гармии ҳаво гармшавии аз ҳади зиёди трансформаторҳо аст, ки мо маҷбурем рӯзона 4-5 соат барқро қатъ кунем. Аммо дар Ваҳдат ва шаҳри Душанбе ин ҳолатро надорем",-мегӯяд ин масъули Шабакаҳои тақсимоти барқ.

Яке аз масъулон ва коршиносони ширкати "Барқи тоҷик" низ дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, ки сабаби асосии қатъ шудани барқ, ки "корҳои техникӣ" гуфта мешавад, ҳамин мутобиқ ба ҳавои гарм набудани хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳову трансформаторҳо аст.

Ба гуфтаи ин коршинос, бояд трансформаторҳо ва зеристгоҳҳо дар ҷойҳои серун(салқин) бошанд ё бо дастгоҳҳои сардкунанда муҷаҳҳаз то ба гармиҳо тоб оранду сӯхтор ё ҳолатҳои дигар ба вуҷуд наояд.

Ҳамасола, Тоҷикистон дар фасли сармо аз моҳи октябр то моҳи апрел реҷаи маҳдудияти интиқоли барқро, ки дар миёни мардум бо "лимит" машҳур аст, ҷорӣ мекунад ва далели онро паст шудани сатҳи об дар обанбори неругоҳи "Норак" унвон мекунад. Мардум дар ин давра аз камбудӣ барқ ва мушкилоти вобаста ба он зиёд шикоят мекунанд.

Аммо Тоҷикистон мегӯяд, ки дар фасли тобистон барқро барзиёд истеҳсол мекунад ва ҳатто онро ба Афғонистон ва Узбекистону Қирғизистони ҳамсояаш мефурӯшад.

Талаботи солонаи Тоҷикистон дар умум 19 миллиард киловат соат нерӯи барқ гуфта мешавад. Тоҷикистон дар соли 2024 беш аз 22 миллиард киловат соат неруи барқ истеҳсол кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG