Ҳукумати Тоҷикистон сиёсати "Осмони боз" эълон кард

Flight delays from Dushanbe to Moscow

Ҳукумати Тоҷикистон дар бахши ҳавонавардӣ сиёсати "Осмони боз"-ро эълон кардааст. Қарори ҳукумат 12-уми июн тасвиб шуда, Радиои Озодӣ ду ҳафта баъд бо нусхаи он шинос шуд.

Бар асоси тартиби нав, Тоҷикистон низоми паритет ё баробарӣ дар парвозҳоро бекор мекунад. Қаблан парвозҳо ба Тоҷикистон ё аз инҷо ба дигар кишварҳо, миёни ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва ширкатҳои давлати дигар баробар тақсим мешуд.

Бар асоси қарори ҳукумат, инчунин бисёр маҳдудиятҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ бекор карда мешавад. Аз ҷумла, ҳамаи маҳдудиятҳо дар зичии парвозҳо ва ё шумораи ҷойҳои нишаст, шумораи таъинот дар хатсайр, маҳдудиятҳои тарифӣ барои интиқоли байналмилалии ҳавоӣ ва маҳдудиятҳо барои шумораи ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз байн бурда мешаванд.

Вале дар қарори ҳукумат ишора шудааст, ки баъзе маҳдудиятҳо феълан боқӣ мемонанд. Азҷумла низоми паритет ё баробарӣ дар парвозҳо дар 18 самт то се соли дигар боқӣ мемонад. Ин 18 самтро Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ маълум мекунад. Мақомот гуфтанд, маҳдудиятҳо дар ин 18 самт баъди се сол пурра аз байн мераванд.

"Осмони боз" як таҷрубаи байналмилалӣ аст, ки назорати давлатро бар таъйини хатсайрҳо, нархи билети парвоз ва бисёр маҳдудиятҳо аз байн мебарад.

Масъалаи ҷорӣ кардани низоми "Осмони боз" дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2018 дар як ҷаласаи шӯрои машваратии беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ бо ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд. Он замон президент ба Оҷонси ҳавонавардӣ супориш дода буд, ки барои амалӣ кардани ин сиёсат ва бештар кардани хатсайрҳои ҳавоӣ чораҳои зарурӣ андешад.

Бархе коршиносон қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, инҳисорталабон ё монополистони бозори ҳавоӣ дар кишвар иҷозаи пурра амалӣ шудани низоми "Осмони боз"-ро шояд надиҳанд.