Оятуллоҳ Хоманаӣ иддао кард, ки Эрон дар ҷанг пирӯз шудааст

Акс аз видеое, ки телевизиони давлатии Эрон рӯзи 26-уми июн нашр кард.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон рӯзи 26 июн гуфт, кишвараш шаппотии сахте ба рӯи Амрико зад ва алайҳи ҳаргуна ҳамлаи дигар ба Эрон ҳушдор дод. Ба иддаои Алии Хоманаӣ: “Инҷо ҳам Ҷумҳурии Исломӣ пирӯз шуд ва мутақобилан силлии сахте ба гунаи Амрико навохт.”

Баёнияи телевизионии Хоманаӣ яке аз аввалин баёнияҳои ӯ пас аз эълони оташбас бо Исроил аст. Суханронии Оятуллоҳ Хоманаиро дар телевизионҳои давлатии Эрон намоиш доданд ва ӯ дар муқоиса ба як ҳафтаи гузашта, ки видеое дигаре аз ӯ нашр карданд, бештар хаста ба назар мерасид ва садояш ҳам гирифта буд.

Ӯ гуфт, Амрико барои он ба ҳамлаҳои Исроил ба Эрон пайваст, “чун эҳсос кард, ки агар ворид нашавад, режими саҳюнистӣ (ҳукумати Исроил) ба куллӣ нобуд хоҳад шуд.” Аммо ба қавли ӯ, Амрико аз ин ҷанг ҳеч чизе ба даст наовард.

Ӯ афзуд: “Бо он ҳама ҳаёҳу, бо он ҳама иддао, режими саҳюнӣ (ҳукумати Исроил) дар зери заработи Ҷумҳурии Исломӣ тақрибан аз по даромад. Лиҳ (хурду хок) шуд.”

Ин дар ҳолест, ки дар тӯли ин ҷанг, ки бо ҳамлаҳои Исроил ба Эрон дар рӯзи 13-уми июн оғоз шуд, бисёре аз марказҳои ҳастаӣ, низомӣ ва идории Эрон ҳадафи ҳамлаҳои сахт қарор гирифтанд ва садҳо нафар кушта шуданд. Ҳарими ҳавоии Эрон низ комилан таҳти назорати нерӯҳои Исроил даромад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳушдор дод, ки “чунин иқдомот мумкин аст, дар оянда ҳам сурат бигирад” ва афзуд, ки Эрон ба “марказҳои калидии Амрико дар минтақа дастрасӣ дорад ва ҳар вақт зарур шуд, иқдом мекунад.”

Хоманаии 86-сола пас аз оғози ҳамлаи Исроил дар паноҳгоҳи махфие паноҳ бурда буд ва дар мазҳари ом дида намешуд. Исроил дар ҳамлаҳое, ки тақрибан ду ҳафта идома кард, марказҳои атомӣ ва фармондеҳони олирутбаи Эрон ва донишманди ҳастаии ин кишварро ҳадаф гирифт.

Эрон низ ҳамлаҳои ҷавобиро оғоз кард ва ба Исроил бо мушакҳои зиёде зарба зад. Баъди пайвастани Амрико ба ҳамлаҳо дар рӯзи 22 июн ва бомборон кардани се таъсисоти асосии ғанисозии ураниум дар Эрон, Доналд Трамп кумак кард, байни Эрону Исроил созиши оташбас ҳосил шавад.

Гурӯҳи Фаъолони Ҳуқуқи Башар, ки дар Вашингтон қарор дорад, мегӯяд, дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Эрон камаш 1054 нафар кушта шудаанд ва 4476 нафар захм бардоштаанд. Дар ин миён ба гуфтаи созмон, 318 нафарашон неруҳои амниятӣ ҳастанд. Мақомоти Исроил гуфтаанд, шумораи кушташудагон дар ҳамлаҳои Эрон ба 28 нафар мерасад ва теъдоди захмиён бештар аз 1000 нафар аст.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, гуфтааст, ҳадафи Исроил аз ҳамлаҳо ба Эрон аз байн бурдани таҳдиди мушакҳои баллистикӣ ва барномаи атомии он кишвар буд. Эрон мегӯяд, барномаҳои атомиаш фақат ҳадафҳои сулҳомез доранд, на ҳадафи сохти бомби атомӣ.