Ин маросим бо унвони расмии "Шаҳидони иқтидори миллӣ" рӯзи 28 июн аз майдони "Инқилоб" дар маркази Теҳрон бо ҳузури мардуме, ки ин майдонро пур карда буданд, ба тарафи майдони "Озодӣ", оғоз шуд.
Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, ки аз оғози ҷанги Исроил бо Эрон дар маҳзари умум дида намешавад, дар ин маросим низ ҳузур надошт, аммо дар паёми худ пас аз оташбас бо таъкид ба "иқтидори миллӣ" гуфт, ки Эрон дар ин ҷанг ҳам бар Исроил ва ҳам Амрико пирӯз шудааст.
Ин изҳороти ӯ президенти ИМА Доналд Трампро хашмгин кард. "Вай худ медонад, ки дурӯғ мегӯяд," гуфт Трамп ва афзуд, пас аз ин баёния ҳамаи корҳоро барои коҳиши таҳримҳои зидди Эрон қатъ намудааст. Президенти Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин гуфт, омодааст, бори дигар иншооти ҳастаии Эронро зери зарба қарор диҳад.
Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, Ғуломҳусейн Муҳсини Эжаӣ, раиси Додгоҳи олӣ, Исмоил Қоонӣ, фармондеҳи неруи "Қудс"-и Сипоҳи посдорон ва Алии Шамхонӣ, мушовири Алии Хоманаӣ, низ ҳар яке замони бисёр кутоҳ дар маросими ҷаноза ҳозир шуданд.
Исроил нагуфтааст, ки оё Исмоил Қоонӣ, фармондеҳи неруи "Қудс" дар миёни аҳдофаш дар 12 рузи ҷанг будааст ё не. Алии Шамхонӣ аммо субҳи 13 июн дар маҳалли зисташ дар як баландошёна дар шимоли Теҳрон ҳадаф қарор ва ба шиддат захмӣ шуд, аммо чанд руз пас, нахустин паёми худро аз бемористон нашр кард. Шамхонӣ рузи шанбе асо ба даст ва бо лабханд дар маросими хоксупории мақомоти баландпояи низомӣ ва ҳастаӣ ширкат кард.
Тобутҳои фармондеҳон ва донишмандон ҳастаии терроршуда ва бархе аъзои хонаводаҳои онҳо, дар парчами Эрон печида шуда буданд ва ширкаткунандагон аксҳои онҳоро дар даст доштанд.
Тобутҳо бар болои мошинҳои бузург гузошта шуда буданд ва муҳофизон дар паҳлуи тобутҳо меистоданд.
Дар рӯи тобутҳо аз ҷумла, аксҳои Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон, Муҳаммад Боқирӣ, раиси кулли Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳ, дида мешуд.
Телевизиони Эрон ин маросимро ба таври зинда пахш кард.
Маросими ҷанозаи фармондеҳон ва донишмандони кушташуда бо севумин рӯзи азои моҳи муҳаррам баробар буд, ки байрақҳои сиёҳ ва навҳахонӣ бахше аз он буд.
Бар асоси омори Вазорати тандурустии Эрон, дар ин ҷанги 12-рӯза 610 нафар дар Эрон кушта шудаанд, ки 12 нафари онҳо кӯдак ва 49 нафар зан будаанд. Аммо як созмони ҳуқуқи башар қароргоҳаш дар Амрико, ки ҳодисаҳои Эронро пайгирӣ мекунад, шумори кушташудаҳоро 974 нафар эълон кард, ки 387 тани онҳо ғайринизомӣ будаанд.
Вазорати тандурустии Исроил ҳам эълон кардааст, ки дар ҳамлаҳои мушакии Эрон ба Исроил 28 нафар кушта шуданд.
Эрон дар ҷанги 12-рӯзи бо Исроил, 550 мушак ба Исроил партоб кард. Исроил мегӯяд, ки шумори каме аз ин мушакҳо ба ҳадафи худ расидаанд. Аммо тасовире, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионҳои ҷаҳонӣ нашр шуд, аз вайрониҳои густурда дар минтақаҳои гуногуни Исроил ҳикоят мекунад.
Исроил ҳам пойгоҳҳои низомӣ ва ҳастаии Эронро ҳадаф қарор дод ва ба иншооти ҳастаии ин кишвар зарбаҳо зад. Шаби 21 ба 22 июн Амрико ба ҳамлаҳои Исроил ҳамроҳ шуд ва таъсисоти ҳастаии Форду, Натанз ва Исфаҳонро бомбаборон кард.
Рӯзи 24 июн раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп эълон кард, ки Исроил ва Эрон ба оташбас розӣ шуданд. Ҳар яке аз тарафҳо иддао доранд, ки дар ин ҷанг баранда ҳастанд.