Тасодуфи маргбор дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ

Садама дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ. 28 июни соли 2025.

Бар асари як сонеҳаи нақлиётӣ дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ, дастикам 7 нафар ба ҳалокат расидаанд Бархе манбаъҳо шумораи ҷонбохтагонро бештар мегӯянд.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, садама пеш аз зуҳри 28 июн рух дода, се мошин ба ҳам бархӯрдаанд.

Дар натиҷа, ба гуфтаи шоҳидон, бисёре аз мусофирон фавтидаанд. Бархе манбаъҳои шумораи ҷонбохтагонро 7 нафар ва бархе ҳам аз ин бештар мегӯянд. Чанд нафар ҳам захмӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ронандаи яке аз мошинҳо сокини Мастчоҳ, дигарӣ аз Хуҷанд ва севумӣ шаҳрванди Узбекистон будаанд.

Дар аксҳо ва наворҳои видеоие, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки мошинҳои ба ҳам бархӯрда, осеби ҷиддӣ дидаанд ва мардуми зиёде дар маҳал ҳузур доранд.

То кунун дар мавриди ҳодиса ва сабабҳои сар задани он маълумоти зиёде дар даст нест. То лаҳзаи нашри ин хабар Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи он шарҳи расмӣ паҳн накардааст. На намояндагони ҳукумати Масчоҳ ва на дигар кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба зангҳо ҷавоб намедиҳанд.

Бо ба даст омадани маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса Радиои Озодӣ онро нашр хоҳад кард.

Давоми як моҳи ахир ин бори дувум аст, ки дар вилояти Суғд садамаҳои маргбор рух медиҳад. Рузи 29 май бар асари чунин ҳодиса дар ҳудуди ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаш нафар ҷон бохтанд.

Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанду ва садҳо нафари дигар маъюби якумрӣ мешаванд. Бепарвоӣ, роҳҳои нимавайрон ва риоят накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва суръати баланд аз сабабҳои асосии маргу мир дар роҳҳои кишвар дониста мешавад.