Мудири Оҷонс: Эрон имконияти ғанисозии уранро ҳифз кардааст

Рафаэл Гросси

Эрон имкониятҳои техникӣ барои азсаргирии ғанисозии уранро ҳифз кардааст. Дар ин бора Рафаэл Гросси, мудири Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ (МАГАТЭ) дар суҳбат бо телевизиони CBS хабар додааст.

Гросси гуфтааст, ҳамлаҳои Исроил ва ИМА ба ниҳодҳои ҳастаии Эрон зарари ҷиддӣ расонд, вале онҳоро нобуд накардааст.

"Онҳо давоми чанд моҳ метавонанд ғанисозии уранро оғоз кунанд, ҳатто барвақтар. Намешавад тасдиқ кард, ки ҳама чиз нобуд шудааст ва чизе боқӣ намонд,"-гуфтааст Гросси.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико баъди ҳамлаи артиши ин кишвар ба се таъсисоти ҳастаии Эрон гуфт, ниҳодҳои ҳастаии Эрон комилан нобуд шуданд. Вале бархе расонаҳо, азҷумла CNN, The New York Times бо такя ба манобеи худ навиштанд, ҳамлаҳои Амрико барномаи ҳастаии Эронро танҳо муваққатан манъ кард.

Ба гузориши нашрияи Financial Times, бахши асосии урани ғанишуда ҳамчунон боқӣ мондааст.

Ҳавопаймоҳои Амрико шаби 21-уми июн ба се иншооти ҳастаии Эрон - Форду, Натанз ва Исфаҳон бомбҳои азиме андохтанд.