Дар ин бора додситони Дейвид Меткалф, додситони ноҳиявии аёлати Пенсилвания бо як баёнияи расмӣ дар рӯзи 24-уми июн хабар додааст. Дар ин баёния омадааст: «Беҳзод Раҳматови 30-сола аз шаҳри Мейнвил дар аёлати Оҳайо, ва Мӯнис Ҳоҷиеви 31-сола аз шаҳри Филаделфия бо иттиҳоми талош барои ворид кардани шаҳрванди хориҷӣ бо ҳадафи ба даст овардани даромади молӣ ва бо айни ҳадаф қасди овардани шаҳрванди хориҷӣ ба Амрико дастгир шудаанд."
Замони боздошти ҳарду ҷавон эълон нашудааст. Ба қавли додситон, иттиҳомот ба қочоқи инсон иртибот мегирад. Дар баёния омадааст, ки ҳарду муттаҳам ба ҷиноят дар як рӯз ва бе ягон асоси қонунӣ ба Амрико омадаанд.
Дар парвандаи ҷиноӣ омадааст, ки ду нафар як фардро ба Амрико оварда ва аз ӯ дар бораи ба кишвар ворид кардани муҳоҷирони ғайриқонунии дигар тавсия гирифтаанд.
Дар баёния ҳамчунин гуфтаанд, ки Раҳматов ва Хоҷаев аз моҳи декабри соли 2022 то моҳи майи 2025 дар аёлати Пенсилвания ва дигар маҳалҳо бо дигар афрод ҳамкорӣ мекардаанд, то ки шиноснома ва раводиде ба даст биёранд, ки ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ имкон медиҳад, бо сафар аз тариқи кишварҳои гуногун то ба марзи Мексика ва Амрико биёянд.
Ба қавли муфаттишон, гумонбарон дар ҷиноят аз худи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва аз номи онҳо барои оварданашон ба Амрико пул мегирифтаанд. Дар сурати собит шудани ҷиноят ба ҳар яке аз гумонбарон 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар баёния омадааст, ки парвандаи ҷиноиро маъмурони FBI ва ё Хадамоти Таҳқиқоти Федеролӣ тафтиш мекарданд, ки таҳқиқи ҷиноятҳои вазнин ва ҷиддӣ асосан дар ӯҳдаи онҳост. Айни замон додситон гуфтааст, иттиҳомоте, ки дар парванда омадааст, фақат иттиҳом аст ва то замоне, гуноҳ дар додгоҳ собит нашавад, онҳо бегуноҳ ба ҳисоб мераванд.
Солҳои охир теъдоде аз зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар орзуи зиндагии беҳтар роҳ сӯйи Амрико пеш гирифтанд. Теъдоде аз онҳо ҳам худро то ба Мексика расонда ва сипас аз ҳар роҳе ба қаламрави Амрико ворид мешудаанд.