Барои дарёфти роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Кореяи Шимолӣ, Малайзия ва Фаластин мубориза мебаранд.
Дар нишасти матбуотӣ, ки 28-уми июн дар Душанбе доир гардид, сармураббиёни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Кореяи Шимолӣ, Малайзия ва Фаластин ба суолҳои хабарнигорон посух доданд.
Дар ин нишаст Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон, гуфт, “муддаии аслии роҳхати ягона ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 аз гурӯҳи мо тими миллии Кореяи Шимолӣ мебошад, ки соли 2024 дастаҳои ҷавонону наврасони ин кишвар қаҳрамони ҷаҳон шудаанд.”
Ба гуфтаи Эргашев, дар ҳоли ҳозир дар ҳайати тими миллии занонаи Тоҷикистон тағйирот ба амал омадааст ва асоси дастаро бозигарони мунтахаби ҷавонони кишвар ташкил медиҳанд.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар маҷмуъ 34 тими миллии занона ширкат меварзад. Дар натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ҳашт гурӯҳ тақсим шудаанд: ду гурӯҳ аз панҷдастаӣ ва шаш гурӯҳи дигар аз чаҳордастаӣ иборатанд.
Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 ба ғайр аз Тоҷикистон, дар ҳафт кишвар: Урдун, Тайланд, Мянмар, Индонезия, Ветнам, Узбекистон ва Камбоҷа доир мешаванд.
Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 1-ум то 26-уми марти соли оянда дар Австралия барпо мегардад, роҳ меёбанд.
Ба ғайр аз дастаи мизбон – Австралия – ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 тимҳои миллии Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон пешакӣ роҳхат гирифтаанд.
Занони футболбози тоҷик дар гурӯҳи «H» бо дастаҳои Кореяи Шимолӣ (29-уми июн), Малайзия (2-юми июл) ва Фаластин (5-уми июл) бозӣ мекунанд. Ҳамаи бозиҳои интихобӣ дар ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби миллии занона
Гурӯҳи «Н»
Кореяи Шимолӣ
Малайзия
Фаластин
Тоҷикистон
Даври 1-ум
29-уми июн (якшанбе)
19:00 – Малайзия - Фаластин
22:00 – Кореяи Шимолӣ – Тоҷикистон
Даври 2-юм
2-юми июл (чоршанбе)
19:00 – Фаластин – Кореяи Шимолӣ
22:00 – Тоҷикистон - Малайзия
Даври 3-юм
5-уми июл (шанбе)
19:00 – Кореяи Шимолӣ - Малайзия
22:00 – Фаластин - Тоҷикистон