Эрон аз Озарбойҷон хостааст, гузориши матбуоти Исроилро таҳқиқ кунад

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон хостори таҳқиқи ин масъала шудааст, ки оё дар воқеъ Исроил барои ҳамла ба кишвараш аз қаламрави ҳавоии Озарбойҷон истифода кардааст, ё не.

Пизишкиён дар гуфтугӯи телефонӣ бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар рӯзи 26-уми июн аз ӯ хостааст, гузоришҳо дар бораи онро, ки паҳподҳои исроилӣ, аз ҷумла паҳподҳои хурди он ба воситаи ҳарими ҳавоии Озарбойҷон ба Эрон ворид шудаанд, “таҳқиқ ва мушаххас” кунад.

Бар асоси иттилои расмии мақомоти Эрон, Илҳом Алиев зимни гуфтугӯ ин иддаоро рад ва таъкид кардааст, ки Озарбойҷон иҷоза намедиҳад, аз қаламрави он ба зидди Эрон истифода баранд. Дар баёнияи расмии Озарбойҷон ҳеч ишорае ба гуфтаҳо ҷой дода нашудааст.

Дар ҳамин рӯз матбуоти Исроил аз қавли як мақоми номаълуми вазорати дифои ин кишвар навишт, ки артиши Исроил ҳангоми ҷанг дар ҳудуди як кишвари “наздик” ба Эрон амал мекард. Ҷузъиёте аз ин бештар дода нашудааст. Тақвияти робитаҳои Озарбойҷону Исроил аз дер боз мояи нороҳатии Эрон аст.

Ҳамкории ду тараф, бахусус дар арсаи низомӣ солҳои ахир рушд кард. Озарбойҷон ҳам соли 2023 дар Тел Авив сафорат боз кард, ки мақомоти эронӣ ба он бо шубҳа менигаранд. Бино ба гузориши Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Сулҳи Стокҳолм 69 дар сад аз аслиҳа ва муҳимоти ҷангии маъмулӣ, ки Озарбойҷон харидааст, сохти Исроил аст.