Эрон вуруди мудири Оҷонсии энержии атомиро манъ кард

Рафаэл Гроссӣ, раиси Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ (МАГАТЭ)

Тасмими Эрон дар бораи қатъи ҳамкорӣ бо Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ (МАГАТЭ) ва манъи вуруди Рафаэл Гроссӣ, раиси Оҷонс вокуниши Амрикоро ба миён овард.

Ноиби раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ё порлумони Эрон рӯзи 28-уми июн гуфт, ба Рафаэл Гроссӣ дигар иҷозаи вуруд ба ин кишварро намедиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории "Тасним", Ҳамидризо Ҳоҷибобоӣ дар Ҳамадон гуфтааст, "иҷоза намедиҳем, ки Гроссӣ вориди хоки кишвар шавад."

Пеш аз ин порлумони Эрон ҳама гуна ҳамкории Теҳрон бо Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ (МАГАТЭ) ва вуруди нозирони ин созмонро ба Эрон манъ карда буд. Бархе намояндагони порлумони Эрон ва ҳам рӯзномаи "Кайҳон" хостори "боздошт ё эъдом (қатл)"-и Рафаэл Гроссӣ шуданд.

Вазири корҳои хориҷии Амрико ин изҳороти матраҳшударо ғайриқобили қабул хонд ва хостори маҳкумияти ин суханҳо шуд.

Марко Рубио дар шабакаи иҷтимоии X (Твиттер) навишт, ИМА аз назорати Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ дар Эрон ҳимоят мекунад. Рубио аз Теҳрон хост, ки амнияти нозирони Оҷонсро таъмин кунад.