Бар асари селобҳои шадид дар минтақаҳои шимол-ғарби Покистон, дастикам 11 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Идораи ҳолатҳои фавқулода дар иёлати Хайбар-Пахтунхоҳ гуфтааст, ки дар 24 соати гузашта 11 тан, аз ҷумла занон ва кӯдакон ҷон дода ва 6 тани дигар захмӣ шудаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, 10 тан аз ин қурбониён дар дараи Свот ҷон бохтаанд.
Ҳамчунин аз вайрон шудани беш аз 50 хона дар натиҷаи селоб дар иёлати Хайбар-Пахтунхоҳ гузориш шудааст.
Идораи ҳавошиносии Покистон аз боронгариҳои шадид ва эҳтимоли сарозер шудани селоб дар чаҳор рузи оянда, ҳушдор додааст.
Покистон яке аз осебпазиртарин кишварҳои ҷаҳон аз тағйироти иқлимӣ аст. Миллионҳо нафар дар ин кишвар дар рӯбарӯи хатари офатҳои табиӣ қарор доранд.