Дафтари мубориза бо маводи мухаддири СММ дар Вена рӯзи 26 июн дар гузорише дар бораи истеъмоли маводи мухаддир гуфт, "ин теъдод баробар ба шаш дарсади аҳолии ҷаҳон байни 15 то 64-сола аст, ки аз маводи мухаддир, ба ҷуз тамоку ё алкоҳол, истифода мекунанд".
Ин гузориш, ки бар асоси маълумот ва додаҳои соли 2023 таҳия шудааст, меафзояд, ки дар ин сол пеш аз панҷ дарсад аз аҳолии ҷаҳон маводи мухаддир истеъмол карда буданд. Ба гуфтаи СММ, ҳашиш бо 244 миллион истеъмолкунанда, пурмасрафтарин мухаддирот аст.
Гузориши солона нишон медиҳад, ки дар миёни ҳама маводи мухаддир, бозори кокоин аз ҳама бештар дар ҳоли рушд мебошад. Бар пояи ин гузориш, тавлиди ғайриқонунии кокоин ба 3 ҳазору 708 тонна расидааст, ки нисбат ба соли 2022 наздик ба 34 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ин омор нишон медиҳад, ки тавлиди кокоин назар ба даҳ соли пеш чор маротиба рушд кардааст. Ба гузориши Дафтари мубориза бо маводи мухаддири СММ, ин болоравӣ асосан ба сабаби афзоиши кишти ғайриқонунии бутаҳои кокоин дар Колумбия будааст.
Шумори истеъмолкунандагони кокоин дар соли 2023 ба 25 миллион нафар расид, дар ҳоле, ки даҳ сол қабл ин рақам ҳудуди 17 миллион нафар буд.
Дар ҳоле, ки Колумбия ҳамчунон муҳимтарин тавлидкунанда дар ҷаҳон аст, кочоқчиёни кокоин дар ҳоли нуфуз ба бозорҳои нав дар Осиё ва Африқо ҳастанд ва гурӯҳҳои ҷиноии созмонёфта аз минтақаи Балкани ғарбӣ дар ҳоли афзоиш нуфузи худ ҳастанд.
Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон яке аз манбаъҳои тавлиди маводи мухаддир ба ҳисоб меравад.
Тоҷикистон, ки марзи бештар аз 1300 километрӣ бо Афғонистон дорад, яке аз роҳҳои қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба хориҷ аз Осиёи Марказӣ шумурда мешавад.
Солона дар кишвар садҳо килограм афюну тарёку ҳашиш ва ҳероин кашфу мусодира мешавад ва даҳҳо нафар ҳам барои қочоқи ин мавод паси панҷара мераванд.
Ахиран Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи панҷ нафарие хабар дод, ки ба қавли кумита 180 килограм маводи мухаддирро аз Афғонистон қочоқ кардаанд ва мехостанд, ба хориҷ бурда фурӯшанд.
Дар баёнияи расмии кумита аз рӯзи 16-уми июн омадааст, ки маъмурони амниятӣ ва марзбонони тоҷик аз қочоқи 178 килограму 845 грам ҳашиш ва афюн дар минтақаи Дидбонгоҳи сарҳадии "Панҷоб"-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешгирӣ кардаанд.
Коршиносон мегӯянд, ки суистеъмоли маводи мухаддир ба саломатии ҷисмӣ ва равонии инсон зарба мезанад.