Трамп: Эҳтимол дорад ҳафтаи оянда дар Ғазза оташбас барқарор шавад

Донилд Трамп, раисҷумҳури Амрико зимни нишасти хабарӣ. 27-уми июн, 2025.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мегӯяд, ки эҳтимол дорад ҳафтаи оянда дар навори Ғазза оташбас барқарор шавад.

Президенти Амрико рузи 27 июн дар маросиме дар Кохи Сафед дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар бораи вазъияти Ғазза гуфт, "ман қаблан бо тарафҳои даргир суҳбат кардаам. Вазъияти ваҳшатноке ҷараён дорад. Дар мавриди Ғазза суҳбат мекунем. Мо фикр мекунем, ки ҳафтаи оянда ба оташбас мерасем".

Вазорати тандурустӣ дар Ғазза, ки зери назорати гурӯҳи "Ҳамос" аст, мегӯянд, ки аз оғози ҷанг то кунун беш аз 56 ҳазор нафар кушта ва беш аз 130 ҳазор тани дигар захмӣ шудаанд.

Тибқи гузоришҳо, ахиран бар ғайринизомиёни фаластинӣ, ки барои дарёфти кӯмак дар саф истода буданд, чандин бор ҳамла шудааст. Мақомҳои тандурустӣ рӯзи ҷумъа гуфтанд, ки танҳо дар 24 соати гузашта, 72 тан кушта ва 174 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Хабаргузории "Рейтерз" низ аз қавли шоҳидони айнӣ гузориш додааст, ки дар минтақаи Рафаҳ, нерӯҳои исроилӣ бар ҳазорон ғайринизомӣ, ки мунтазири дарёфти ғизо буданд, тирандозӣ карданд.

Артиши Исроил то кунун дар ин бора вокуниш нишон надодааст.

Аз суи дигар, гурӯҳи "Ҳамос" аз Созмони Милали Муттаҳид хост, то як кумитаи байналмилалӣ барои баррасии ин тирандозӣ ташкил кунад.

Ҷанг дар Ғазза рӯзи 7 октябри соли 2023 оғоз шуд. Дар ин рӯз гурӯҳи "Ҳамос" ва созмонҳои ҳампаймони он ба Исроил ҳамла карда, 1200 нафарро куштанд ва беш аз 250 танро ба гарав гирифтанд. Амрико ва Аврупо "Ҳамос"-ро гурӯҳи террористӣ мехонанд.

Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза дар як солу нуҳ моҳи гузашта беш аз 56 ҳазор нафар кушта шуданд, ки аксари онҳо занон ва кудакон мебошанд.

Талошҳо барои оташбаси доимӣ ва барқарории сулҳ дар Ғазза то кунун бенатиҷа будааст.