Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон рӯзи 26 июн гуфт, кишвараш шаппотии сахте ба рӯи Амрико зад ва алайҳи ҳаргуна ҳамлаи дигар ба Эрон ҳушдор дод. Ба иддаои Алии Хоманаӣ: “Инҷо ҳам Ҷумҳурии Исломӣ пирӯз шуд ва мутақобилан силлии сахте ба гунаи Амрико навохт.”
Гуруҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июн бо нашри як муроҷиатномаи муштарак аз ҳукуматҳои минтақа хостаанд, барои маҳви шиканҷаву бадрафторӣ бо зиндониёну боздоштшудагон чораҳои фаврӣ биандешанд.
Дар Амрико ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба талош барои ғайриқонунӣ ба Амрико овардани хориҷиён ва бо ҳадафи дарёфти фоидаи молӣ боздошт кардаанд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Русияро субҳи 25-уми июн навори боздошти ғофилгиронаи ду мансабдори баландпоя аз ҷониби афсарони ниқобпӯш такон дод.
Хадамоти Муҳоҷирати Литва хостори бастани маркази визадиҳӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон шудааст.
Раисҷумҳур Доналд Трамп ва вазорати дифои Амрико гузоришҳои расонаҳои кишвар дар бораи асароти ҳамлаҳо ба таъсисоти атомии Эронро сахт танқид карданд.
Бо гузашти панҷ рӯз аз оташ гирифтану нобуд шудани як тарабхонаи маъруфи шаҳри Хуҷанд мақомоти идораи оташнишонӣ хисороти расида ба ин тарабхона эълон карданд.
Як қоидаи нав, ки аз 30-юми ҳамин моҳ дар Русия ба иҷро медарояд арзиши билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои гуногуни Русияро то панҷ ва ҳафт ҳазор сомонӣ боло бурдааст.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳам Исроил ва ҳам Эронро ба риоят накардани созиши оташбас муттаҳам кард ва бахусус аз Исроил хост, бомборони Эронро бас кунад.
Як корманди собиқи вазорати корҳои дохилӣ, ки аз кор озод шудааст, мехоҳад, ӯро дар мақоми пешинааш барқарор кунанд, зеро рафтори вазорат бо ӯ бар хилофи қонун будааст.
Бенямин Нетаняҳу нахуствазири Исроил гуфтааст, кишвараш пешниҳоди оташбас бо Эронро пазируфт, чун “ба ҳадафҳояш дар ҷанг ба зидди Эрон расид”.
Ёфтҳои бештар